Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 3 тан ба коронавирус гирифтор шуданд


Дар Қирғизистон нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, се нафар, ки ахиран аз Арабистони Саудӣ баргашта буданд, ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Космосбек Чолпонбоев, вазири тандурустии Қирғизистон рӯзи 18-уми март дар нишасти ситоди ҳукуматии пешгирӣ ва мубориза бо сирояти коронавирус гуфт, ин афрод рӯзи 12-уми март аз Арабистони Саудӣ баргашта буданд ва шаби гузашта натиҷаҳои озмоиш нишон дод, ки онҳо ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд. Ба гуфтаи Вазири тандурустии Қирғизистон, ин афрод дар ҳоли ҳозир зери назари табибон қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Қирғизистон афродеро ҳам шиносоӣ мекунанд, ки гирифторони вирус бо онҳо робита доштанд. Ба гуфтаи Чолпонбоев, 90 шаҳрванд ба карантин гирифта шудааст. Синни мубталоён мутаносибан 70, 62 ва 43-ро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, ки ҳар сеи гирифторон онҷо истиқомат доранд, ҳолати фавқулода эълом шудааст. Ворид ва хориҷ шудан аз ноҳия маҳдуд ва иншооти оммавӣ баста шудааст.

Дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон - ду кишвари дигари Осиёи Миёна низ ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон мегӯянд, ки то ба ҳол дар ин кишварҳо мавридҳои гирифторӣ ба ин вирус қайд нашудааст.

XS
SM
MD
LG