Ссылки доступа

Бонки марказии Ӯзбекистон худдорӣ аз истифодаи нақдинаро тавсия дод


Бонки марказии Ӯзбекистон (БМӮ) ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус ба шаҳрвандони ин кишвар, ки аз хидматрасониҳои бонкӣ зиёд истифода мебаранд, як қатор тавсияҳоеро пешниҳод кардааст.

Масъулони бонк гуфтаанд, дар шароити кунунӣ ба шаҳрвандон ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ тавсия дода мешавад, ки ба ҷои бонк рафтан аз шеваҳои фосилавии пардохт, аз ҷумла интернет-бонкинг, барномаҳои телефонӣ ва низомҳои пардохтӣ истифода баранд.

Бино ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, истифодаи нақдина метавонад, яке аз роҳҳои паҳншавии вирус бошад.

Бинобар ин, ба шаҳрвандони Ӯзбекистон тавсия шудааст, ки аз кортҳои бонкӣ ё гузинаҳои дигари электронӣ истифода кунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 700 бонкомат фаъол буда, дар назар аст, рӯзҳои наздик шумори онҳо ба беш аз 1 ҳазор расонида шавад. Аз 18 март фаъолияти саррофиҳо тибқи реҷаи муқаррарӣ то соати 18:00 ба роҳ монда шуда, дар рӯзҳои истироҳат шаҳрвандон метавонанд аз барномаҳои телефонӣ ё бонкоматҳо истифода баранд.

XS
SM
MD
LG