Ссылки доступа

Озмуни "Евровидение" ба иллати коронавирус лағв шуд


Созмондиҳандагони озмуни мусиқии "Евровидение" 18 март эълом карданд, ки чорабинии мазкур ба иллати коронавирус баргузор намешавад. Ин озмун қарор буд, моҳи май дар шаҳри Роттердами Нидерландия барпо шавад.

Ҳафтаҳои ахир дар Нидерландия ва кишварҳои Аврупо ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус афзоиш ёфта, даромаду баромад ба онҳо, баргузории чорабиниҳои оммавӣ низ маҳдуд шудааст.

Дар ҳоли ҳозир шумори мубталошудаҳо ба коронавирус ба беш аз 200 ҳазор нафар расида, беш аз 8 ҳазор одам аз он ҷон бохтаанд. Табибон ва мақомоти кишварҳои аврупоӣ низ намегӯянд, ки ин вазъ чи қадар давом хоҳад кард.

Гуфтугӯҳо барои ба таъхир гузоштани баргузории "Евровидение" то соли 2021 ҷараён доранд ва феълан маълум нест, ки он дар куҷо барпо мешавад.

XS
SM
MD
LG