Ссылки доступа

Тошканду Алмато соли севум аст, арзонтарин шаҳрҳои дунё эълом мешаванд


The Economist Intelligence Unit, ки арзиши манзил, нақлиёт, маҳсулоти ғизоӣ, либос, иртибот ва харҷҳои дигари заруриро дар бузургтарин шаҳрҳои дунё пайгирӣ мекунад, раддабандии нави худ бо номи "Арзиши зиндагӣ дар ҷаҳон - 2020"-ро нашр кард.

Шаҳри Алматои Қазоқистон ва Тошканди Ӯзбекистон соли севум аст, ки пайи ҳам дар ин раддабандӣ мақоми аз ҳама поинро соҳиб мешаванд.

Дар раддабандии мазкур мақомҳои гаронтарин шаҳрҳои дунёро чун ҳарвақта Ҳонгонг ва Сингапур ишғол карда, имсол ба онҳо шаҳри Осакаи Ҷопон низ пайвастааст.

Шаҳри Тошканд ҷои 132-ум ва шаҳри Алмато ҷои 131-умро касб кардаанд. Зиндагӣ дар ин ду шаҳр нисбат ба Буэнос-Айрес, Карочии Покистон, Каракаси Венесуэла ва Бангалори Ҳиндустон арзонтар аст.

Муаллифони гузориш мегӯянд, дар Тошканду Алмато нархи маҳсулоти ғизоӣ арзонтар аст. Ба гуфтаи онҳо, 1 кило нон дар Тошканд $1,05 ва дар Алмато $0,96 меистад, ки нархи он дар Буэнос-Айрес $3,32 аст. Ҳамчунин нархи либос низ дар Алмато ва Тошканд арзонтар будааст.

XS
SM
MD
LG