"Фардо 100 нафар, пасфардо 200 кас меоянд. Албатта, ҷои нигаронӣ нест. Агар мегуфтанд, ки ҳамин қадар бемор меояд, пас ҷои нигаронӣ буд. Онҳо бемор нестанд, ҳамаашон шаҳрвандони мо ҳастанд. Албатта, ҳамаи онҳо ташхис ва ба карантин гирифта мешаванд", - изҳор дошт Исоқов.
Ба гуфтаи ӯ, дар Қирғизистон барои ба карантин гирифтани 1600 кас ҷой омода шудааст ва феълан 1300 ҷой холӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир 321 касе, ки аз хориҷ баргаштаанд, зери назорати табибон қарор доранд.
Дар Қирғизистон бори нахуст дар се сокини ноҳияи Сузак коронавирус ошкор шуд. Ҳамаи онҳо аз Арабистони Саудӣ баргаштаанд.