Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон касоне шиносоӣ шуданд, ки иттилои шахсии гирифторони вируси навро дар Интернет нашр карда буданд


Отабек Умаров, домоди Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки дар кишвараш ному насаби гирифторони вируси нав дар Интернет паҳн шудааст.

Ба гуфтаи Умаров, онҳое, ки иттилои шахсии гирифторони вируси навро оммавӣ кардаанд, шиносоӣ шудаанд ва аз сӯи муфаттишон "рафторашон баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд".

Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 18 кас ба вируси корона мубтало шудааст.

"Гуруҳи кории ВКД ва додситонӣ 33 саҳифаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ шиносоӣ карданд, ки ба дурӯғпароканӣ ва ҳангомасозӣ миёни мардум машғул ҳастанд. Хиёнат дар ивази ҳамкорӣ - ҳамеша амали нангин аст, аммо дар ин мавриди хос сухан аз амнияти миллӣ меравад", - навишт Отабек Умаров.

Домоди Мирзиёев, ки ҳамзамон муовини аввали роҳбари Хадамоти амнияти президенти Ӯзбекистон аст, аз шаҳрвандони он кишвар даъват кард, аз нашри иттилои носаҳеҳ худдорӣ варзанд ва аз сарчашмаҳои расмӣ истифода баранд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар робита ба коронавирус ахиран ба мардум муроҷиат кард. Вай гуфт, вазъ дар кишвараш зери назорат аст ва ҳеч баҳонае барои ҳангома боқӣ намондааст.

XS
SM
MD
LG