Ссылки доступа

Вазорати адлия: Гулнора Каримова дар баргардонии дороиҳояш нақшеро намебозад


Вазорати адлияи Ӯзбекистон изҳороти ахири Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро шарҳ дод, ки гуфт, як қисми дороиҳои ҳабсшудаашро аз хориҷ ба ватан баргардондааст.

Ба иддаои вазорат, суханони Каримова, ки гуфт, як қисми дороиҳоро шахсан ба Ӯзбекистон баргардондааст, асоси ҳуқуқӣ надорад. Ин ниҳод барои баргардонидани 1,5 миллиард доллар ба Ӯзбекистон талош дорад.

Масъулони Вазорати адлияи Ӯзбекистон мегӯянд, ҳамаи гуфтугӯҳо барои баргардонидани дороиҳои Каримова дар сатҳи расмӣ ва дар асоси қонунгузории он кишвару меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегиранд. Аз ҷумла, Вазорати адлия, Додситонии кул ва ниҳодҳои дахлдори дигари Ӯзбекистон бо ҳамтоёни худ дар Швейтсария, Фаронса, Русия, Латвия ва кишварҳои дигар дар ин замина ҳамкорӣ доранд.

"Дороиҳои мазкур дар ихтиёри Гулнора Каримова ё аъзои хонаводаи ӯ нестанд. Зеро мақомоти кишварҳои хориҷӣ онҳоро ба ҳабс гирифтаанд", - афзудааст вазорат.

Каримова қаблан дар як номаи боз ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки омодааст, бар ивази озодияш аз 686 миллион доллари худ даст кашад. Ӯ гуфт, ин ваъдаи худро қисман иҷро карда, аз даъвояш барои 131 миллион долларе даст кашид, ки бо қарори додситонии Швейтсария ба Ӯзбекистон баргардонида мешуданд.

Додгоҳи шаҳрии Тошканди Ӯзбекистон 18 март муҳокимаи додгоҳии парвандаи духтари Ислом Каримовро ба поён расонда, ӯро бо ҷурми тамаъҷӯӣ, азхудсозӣ, исрофкорӣ, қонунисозии даромадҳои номашруъ 13 солу 4 моҳ зиндонӣ кард. Муҳлати зиндони Каримова аз 21 августи соли 2015 ҳисоб мешавад.

Ҳамзамон чанд тан аз шарикони Гулнора Каримова, аз ҷумла Н. Садиков 20 сол, О. Свиридов 17 солу 3 моҳ, А. Эргашев 18 солу 1 моҳ, Ш. Собиров 17 солу 1 моҳ, Г. Авакян 5 солу 3 моҳ зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG