Ссылки доступа

Бонки миллии Қазоқистон аз омилҳои таъсиррасони хориҷӣ ба бозори арз хабар дод


Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, рӯзи 19 март дар бештаре аз нуқтаҳои табодули арзи шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон фурӯши доллари ИМА манъ шудааст.

Дар бархе аз дигар нуқтаҳо 1 доллари ИМА бар ивази 471 тангаи қазоқӣ фурӯхта мешавад.

Дар биржаи Қазоқистон субҳи 19 март 1 доллари ИМА расман ба 448,5 танга баробар шуд. Ин нишондод қариб 9 танга бештар аз қурби як рӯзи пеш аст.

Бонки миллии Қазоқистон хабар дод, ки барои пешгирӣ аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ба бозори арзи дохилӣ чораҷӯӣ мекунад.

Бонки миллии Қазоқистон аз афзоиши ноустуворӣ дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ ва уфти қимати нафт, инчунин беқурбшавии рубли Русия - шарики тиҷории Қазоқистон ба унвони "омилҳои хориҷӣ" ёд кардааст.

XS
SM
MD
LG