Ссылки доступа

Беш аз 100 ҳазор одам аз Шӯрои Аврупо хостанд, ба тағйири Конститутсияи Русия баҳои ҳуқуқӣ диҳад


Беш аз 100 ҳазор одам зери муроҷиатномае ба Шӯрои Аврупо имзо гузоштанд, ки дар он санҷиши фаврии ҳуқуқии тағйирот ба Конститутсияи Русия ва шеваи ворид кардани иловаҳо дархост карда мешавад.

Зери муроҷиатнома нахуст 120 ҳуқуқшинос, ҳомии ҳуқуқ, коршинос ва намояндаи мухолифони рус имзо гузошта буданд.

Дар хитоба омадааст, тағйирот ба Конститутсия "хусусияти бе ин ҳам ғайридемократии ҳокимият" дар Русияро "пурзӯр" ва ба "ҷудосозии бештари ин кишвар аз Аврупои демократӣ" мусоидат мекунад. Ба гуфтаи муаллифон, шеваи ворид кардани ин тағйирот низ хилофи Конститутсияву қонунҳои Русия ва меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Тағйирот ба Конститутсияро моҳи январи соли ҷорӣ худи Путин пешниҳод кард. Он замон вай гуфта буд, ки ба тағйирот на танҳо порлумон, балки шаҳрвандон ҳам бояд раъй диҳанд, ҳарчанд Конститутсияи феълии Русия инро талаб намекунад.

Порлумони Русия бекорсозии муҳлатҳои пешини президентии Путинро қабул кард. Ин банд ба Путин имкон медиҳад, ки дар соли 2024 бори дигар ба мақоми президентӣ номзад шавад ва дар сурати пирӯзӣ, дар соли 2036 ҳам метавонад номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад.

Президенти Русия бо имзои як фармон 22 апрелро рӯзи раъйпурсӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Конститутсия таъйин кард.

XS
SM
MD
LG