Ссылки доступа

Додгоҳи Ӯзбекистон зиндонии сиёсии пешинро комилан "сафед" кард


Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон рӯзи 18 март зиндонии пешини сиёсӣ, Чуян Маматқулови 50-соларо комилан "сафед" кард.

Додгоҳ ҳамаи айбҳои дар гузашта нисбати вай эъломшударо бекор сохт.

Чуян Маматқулов, афсари пешини неруҳои низомии Ӯзбекистон, 29 августи соли 2012 боздошт шуда буд. Додгоҳ ӯро соли 2013 бо айбҳои "одамрабоӣ", "хиёнат зидди сохти конститутсионӣ", "қаллобӣ", "тақаллуби аснод", "шоҳидии бардурӯғ" ба муҳлати тӯлонӣ зиндонӣ карда буд. Маматқулов мегӯяд, ҳамаи айбҳои эъломшуда беасосанд.

Чуян Маматқулов дар яке аз зиндонҳои бадномтарини Ӯзбекистон - "Жаслиқ" нигоҳдорӣ мешуд. Вай моҳи марти соли 2018 аз зиндон озод шуд ва эълом кард, ки аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мебарад.

Чуян Маматқулов аз соли 2004 бо созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик" ҳамкорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG