Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ба манзили Ғафур Раҳимов "коктейли Молотов" партофтанд


Афроди ношинос шаби 13 ба 14 марти соли равон ба саҳни яке манзилҳои зисти ноҳияи Мирзо-Улуғбеки шаҳри Тошканди Ӯзбекистон "коктейли Молотов" партофтаанд. Дертар дар маҳалли ҳодиса се зарфи дигари "коктейли Молотов" пайдо шудааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тошканд ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, дар натиҷа дар манзили зисти мазкур сӯхтори хурде сар зада, мошини "Матиз"-и муҳофизи хона осеб дидааст.

Тавре маълум шуд, ин хона ба соҳибкори маъруфи ӯзбек Ғафур Раҳимов ва ҳамсараш Лола Раҳимова тааллуқ дорад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Лола Раҳимова 14 март ба пулис шикоят кардааст. "Кормандони пулис ҳамроҳ бо сӯхторнишонҳо ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, аз ҳамсояи Раҳимовҳо низ дар робита ба қазия баёнот гирифтаанд. Вале ҳоло парванда боз нашудааст. То натиҷаи ташхис маълум нашавад, парванда боз намешавад. Сӯхторнишонҳо бояд хулосаи худро пешниҳод кунанд", - афзуд ӯ.

Дар маводи тафтишоти пешакӣ зарфҳое, ки дар саҳни хонаи Раҳимовҳо пайдо шудаанд, "коктейли Молотов" номида шудааст. Як манбаъ гуфт, Раҳимовҳо намехоҳанд атрофи ин ҳодиса сарусадои зиёд баланд шавад ва бинобар ин, ҳамсари Раҳимов шикояти худро пас гирифта, аз номи яке аз муҳофизони хонавода дубора ба пулис шикоят бурда шудааст.

Соҳибкори маъруфи ӯзбек Ғафур Раҳимов моҳи марти соли 2019 маҷбур шуд, аз мақоми раҳбарии Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA) истеъфо диҳад. Ба ин робитаҳои ӯ бо олами ҷиноӣ сабаб гашт. Ғафур Раҳимов 2 ноябри соли 2018 президенти AIBA интихоб шуд.

Интихоб шудани соҳибкори ӯзбек ба ин мақом баҳсҳоеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бор овард. Зеро номи Раҳимов чандин сол аст, ҳамчун "яке аз раҳбарони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ" дар рӯйхати таҳримшудаҳои Вазорати молияи ИМА қарор дорад.

XS
SM
MD
LG