Ссылки доступа

Туркманистон равуо миёни шаҳру навоҳӣ ва Ишқободро манъ кард


Ҳукумати Туркманистон даромаду баромад аз шаҳри Ишқободро манъ ва равуо миёни навоҳии ин кишварро маҳдуд кард. Хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯянд, ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус гирифта шудааст.

Ба гуфтаи хабарнигор аз Ишқобод, аз шоми 19 март тамоми роҳҳо ба пойтахти Туркманистон баста шудааст. "Ҳамаи мошинҳои шахсӣ, таксӣ, нақлиёти мусофирбар аз шаҳру ноҳияҳои дигарро аз назди даромадгоҳи Ишқобод бармегардонанд. Танҳо ба мошинҳои боркаши ҳомили маҳсулот иҷозати вуруд дода мешавад", - иттилоъ дод ӯ.

Ҳамчунин сафари сокинони вилоятҳо ба пойтахти Туркманистон ба муҳлати номуайян манъ карда шудааст.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар вилояти Лебап низ бо такя ба як манбаи худ дар ҳукумати вилоят иттилоъ дод, ки рӯзи панҷшанбе дар ҳамаи вилоятҳои Туркманистон ҷаласаи изтирорӣ баргузор карда шуд.

"Дар ин ҷаласаи видеоӣ гуфта шудааст, ки аз 20 марти соли равон роҳҳо миёни вилоятҳо баста мешаванд. Ин ҳолат эҳтимолан то аввали моҳи апрел идома хоҳад кард. Барои сафар ба вилоятҳои дигар сокинонро зарур аст, иҷозатномаи махсус гиранд. Масъалаи тамдиди таътили мактабҳо ва бастани боғчаҳо низ баррасӣ мешавад", - афзуд хабарнигор.

Ин иқдомҳо дар ҳоле гирифта мешаванд, ки мақомоти Туркманистон мегӯянд, дар ин кишвар ҳоло ҳеч ҳолати мубталошавӣ ба вируси нав ба қайд гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG