Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вируси корона сабт шуд


Дар Қирғизистон се ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона сабт шуд. Дар ин бора Космосбек Чолпонбоев, вазири тандурустии Қирғизистон ахиран дар як нашасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, гирифторон сокинони ноҳияи Ноокат ҳастанд. Онҳо баъди адои ҳаҷҷи умра аз Арабистони Саудӣ баргаштаанд. Ба ин тартиб, шумори гирифторони вируси корона дар Қирғизистон ба 6 тан расид.

Дар бораи нахустин гирифторон дар Қирғизистон 18 март хабар расида буд. Гирифтори аввал низ 12 март аз Арабистони Саудӣ баргашта буданд. Мақомоти Қирғизистон тақрибан ҳамаи мусофиронеро ба карантин гирифтанд, ки ҳамроҳи гирифторони вируси корона аз Арабистони Саудӣ ба Қирғизистон баргашта буданд. Аммо гирифторони нав тавассути ҳавопаймои дигар ба Қирғизистон баргаштаанд.

Се гирифтори аввал сокини ноҳияи Сузак ҳастанд. Баъди тасдиқи гирифтории ин се сокин дар ноҳияи Сузак ҳолати фавқулода эълом шуд.

Қирғизистон бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши вируси корона сар аз 20 март тамоми парвозҳои байналхалқиро манъ кард.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, ки танҳо парвозҳои "Москва-Бишкек-Москва", "Новосибирск-Бишкек-Новосибирск" ва Москва-Уш-Москва" то чанд гоҳи дигар идома мекунанд.

XS
SM
MD
LG