Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон қаллобон бо баҳонаи безараргардонӣ аз вируси корона манзилҳоро ғорат мекунанд


Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон шаҳрвандонро аз қаллобоне огоҳ кард, ки бо баҳонаи безараргардонӣ аз вируси корона дохили манзилҳо мешаванд.

"Бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона карантин эълом шудааст. Расонаҳо дар бораи ин вирус ва роҳҳои пешгирӣ аз он сокинонро огоҳ месозанд", - омадааст дар хабари вазорат.

Ба иттилои ВКД, қаллобон бештар диққати пирсолон ва кӯдаконро ҷалб мекунанд.

"Дар робита ба ин аз сокинон даъват мекунем, касонеро ба манзилҳои худ роҳ надиҳанд, ки бо баҳонаи безараргардонӣ мехоҳанд, ворид шаванд. Мумкин аст, ин гуна афрод қасди содир кардани ҷиноятро дошта бошанд. Дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса шуданд, ба пулис хабар диҳед", - огоҳ кардааст ВКД.

XS
SM
MD
LG