Ссылки доступа

Садҳо ӯзбекистонӣ ба иллати СOVID-19 дар марз дармондаанд (видео)


Дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон 25 март беш аз 500 кас ва дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон зиёда аз 150 ӯзбекистонӣ ҷамъ шуданд. Мақомоти Ӯзбекистон ба ин афрод иҷозати вуруд ба кишварро намедиҳанд.

Мақомоти қазоқу қирғиз мегӯянд, ҳоло барои ҳалли ин мушкил бо ҷониби Ӯзбекистон гуфтугӯ доранд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, мақомоти ӯзбек гуфтаанд, ба шаҳрвандонашон танҳо пас аз омода шудани ҷойҳои карантин иҷозати даромадан медиҳанд.

Нукуса Пулати 35-сола яке аз онҳое аст, ки дар шаҳри Атирауи Қазоқистон кор мекард ва ҳоло ҳангоми баргашт ба ватан дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармондааст.

"23 март тавассути гузаргоҳи "Тажен" хостам ба ватан баргардам, вале касеро даромадан намемонданд. Онҷо 400 кас ҷамъ шуда буд. Дар миёнашон онҳое буданд, ки аз Русия тавассути Қазоқистон ба Ӯзбекистон бармегаштанд. Марз пурра бастааст. Тасмим гирифтам дубора ба Атирау баргардам. Бархе аз шиносҳоям низ баргаштанд, вале бисёриҳо мунтазири боз шудани марзанд", - гуфт ӯ.

Мақомоти Ӯзбекистон шоми 24 март ба як гуруҳи пиронсолон, кӯдакон ва занон иҷозати вуруд ба кишварро додаанд.

Раиси ҷамъияти ӯзбекони Қазоқистон Икром Ҳошимҷонов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 500 кас мунтазири иҷозати вуруд ба Ӯзбекистон ҳастанд.

"Ӯзбекистон аз 23 март марзҳои худро баст, бинобар ин, мардуми зиёд ҷамъ шудааст. Сабаб дар он аст, ки дар дохили Ӯзбекистон барои ба карантин гирифтан ҷой омода доранд. 23 март 629 кас ва 24 март 800 кас марзи Қазоқистону Ӯзбекистонро гузаштанд. Ҳамаашон ба карантин гирифта шудаанд. Ҳоло 500 каси дигар мунтазиранд", - афзуд Ҳошимҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни дармондаҳо 47 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд, ки мехостанд, тариқи Ӯзбекистон ба ватан баргарданд ва ҳоло сафорати Тоҷикистон барои ҳалли мушкили шаҳрвандони худ бо мақомоти ӯзбек гуфтугӯ дорад.

Ӯзбекистон аз 16 март ба далели ошкор шудани коронавирус ё худ СOVID-19 равуои ҳавоӣ ва заминиро бо кишварҳои хориҷ манъ кард. Аз он рӯз вуруди хориҷиҳо ба Ӯзбекистон манъ шуда, аз шаҳрвандони ин кишвар даъват мешавад, ки ба ватан баргарданд.

XS
SM
MD
LG