Ссылки доступа

Пас аз шикоят. Ёрмандӣ ба мардуми осебдидаи Ҳалқаҷар (видео)


Деҳаи Ҳалқаҷар

Мақомоти расмии Хатлон мегӯянд, барои рафъи оқибатҳои сели вайронгар даҳҳо маъмури наҷот ва садҳо корманди ихтиёриро ба ноҳияи Хуросон сафарбар кардаанд.

Интиқоли 50 афсару сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва 400 нафар ихтиёриён ба деҳаи Ҳалқаҷари ноҳия баъд аз он сурат гирифт, ки сокинони деҳаи осебдида дар сел гуфтанд, ки мӯҳтоҷи кӯмакҳои фаврӣ ҳастанд, вале касе ба додашон намерасад ва аз аҳволашон намепурсад. Сокинон мегӯянд, баъд аз пахши шикояташон дар Радиои Озодӣ мақомот ба кӯмакашон шитофтанд.

Шӯъбаи иттилоотии ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 25-уми март хабар дод, ки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят барои суръат бахшидан ба поксозии хонаҳои мардум аз роҳу гил, "4 тонна сӯзишворӣ ҷудо карда, чаҳор мошини борбари "Дулан" барои кашонидани сангу шағал, 7 экскаватор" ва дигар техника ҷалб шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ барои пешгирӣ аз хуруҷи ҳаргуна бемориҳои сироятӣ "манзили зист ва заминҳои наздиҳавлигии 246 нафар дар деҳаи Ҳалқаҷар ва 73 ҳавлӣ дар деҳаи Пахтаобод, инчунин муассисаи таълимии №24, варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, кӯчаву роҳравҳо, масҷидро дезинфексия ва ё безарар кардаанд."

Ҳотам Каримов, раиси ҷамоати деҳоти ба ном Садриддин Айнӣ, ки деҳаи Ҳалқаҷар тобеи он аст, гуфт, ки дар поксозии деҳа садҳо нафар, табибону омӯзгорон ва худи мардум ширкат доранд.

Пеш аз эълони ҳукумати вилояти Хатлон гурӯҳе аз сокинони Ҳалқаҷар гуфтанд, ки баъди фалокати табиӣ ба онҳо кӯмаки дуруст нарасониданд. Яке аз онҳо Зарина Мавлонова рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "як кас ба сӯи хонаи мо тоб намехӯрад. Ҳеч кас ҳам ёрӣ накардааст аз тарафи давлат, то лойро барорем. Баъзеҳо шикоят карданд, ки маъмурони наҷот ва ё кормандони ҳолатҳои фавқулода корашонро дуруст анҷом намедоданд.​ Ёсин Абдуллоев, сокини дигари деҳа гуфт, "мӯзаҳои зард пӯшидаанд, ба даруни лой даромадан намехоҳанд".

Шарифалии Муродзод, як сокини дигари деҳаи Ҳалқаҷар гуфт, аз Радиои Озодӣ сипосгузор аст, чун то расонаӣ шудани вазъашон мақомот ба онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ надоштанд. Аммо ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳоло мақомот ва афсарон ба кӯмакашон омадаанд. "50 афсар вобаста шуда, хонаҳоро аз гил тоза доранд. Аммо ҳоло маълум нест, ки хисороти молӣ ва талафоти чорво барқарор мешавад ё на,"-гуфт Шарифалии Муродзод.

Дар натиҷаи боронҳои пай дар пай ва сели шоми 21-уми март дар деҳаи Ҳалқаҷар обу гил ба хонаҳои мардум ворид шуд ва як нафар сокини деҳа Мирзоқул Раҳмонқулови 59-соларо ба ҳалокат расонд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, арзёбии хисорот идома дорад, вале дар умум сел ба бештар аз 200 хона осеб расонидааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳистонӣ ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Дар ин фалокатҳо бештар аз ҳама мардуми камбизоат ва кишоварзон осеб ва хисорот мебинанд. Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, аз соли 1992 то соли 2016 дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ иқтисоди Тоҷикистон тахминан 1 миллиарду 800 миллион доллар зиён дидааст ва ин фалокатҳо ба мисли обхезиву, заминлразаву ярч ва тарма, ба 7 миллион нафар асари манфӣ гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG