Ссылки доступа

Чин барои мубориза бо коронавирус ба Қирғизистон кумак фиристод


Чин барои мубориза бо коронавирус ба Қирғизистон кумаки башардӯстона ирсол кард. Дар ин бора ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон иттилоъ дод.

Мақомоти Чин 25 март 10 ҳазор дастгоҳи нафаскашӣ, 100 ҳазор ниқоби тиббӣ ва 1 ҳазор таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ ба гузаргоҳи марзии "Торугарт" супоридаанд.

Ҳамчунин барои сафорати Чин дар Қирғизистон 10 ҳазор ниқоби тиббӣ фиристода шудааст.

Дар Қирғизистон то 26 март шумори умумии онҳое, ки ба коронавирус мубтало шудаанд, ба 44 кас расид. Бештари ин ҳолатҳо дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод ба қайд гирифта шуда, дар Бишкек 3 нафар ва дар вилоятҳои Бодканду Чуй якнафарӣ мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG