Ссылки доступа

Мулоқот бо зиндониҳои Ӯзбекистон манъ шуд


Тамоми маҳбасҳои Ӯзбекистон ба карантин гирифта шуда, мулоқоти наздикон бо зиндониён манъ шуд.

Дар ин бора Шоҳрух Ғиёсов, намояндаи вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ба расонаҳо хабар дод.

“Ҳамаи муассисаҳои ислоҳӣ ба карантин гирифта шудаанд. Мулоқоти наздикон бо зиндониён манъ гардид. Дар иваз ба зиндониён гуфтугӯи телефонӣ бо хешон таъмин шудааст”, - гуфт Ғиёсов.

Вай илова кард, ки вакилони мудофеъ, муфаттишон ва кормандони мақомоти қудратӣ дар сурати доштани нишонаҳои зукком ва ё шамолхӯрдагӣ ба боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳо роҳ дода намешаванд.

“Вобаста ба вазъият тамоми раванди марбут ба тафтишот мумкин аст, ба таври фосилавӣ роҳандозӣ шавад”, - афзуд намояндаи ВКД Ӯзбекистон.

XS
SM
MD
LG