Ссылки доступа

Маҷлиси Қазоқистон қонуни баҳсбарангез дар бораи гирдиҳамоиҳоро қабул кард


Маҷлис ё порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе тарҳи қонун дар бораи гирдиҳамоиҳо ва эътирозҳоро қабул кард.

Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқ тарҳи қонуни мазкурро ба хотири “мутобиқ набудан ба талаботи байналхалқӣ” танқид мекунанд.

Тарҳи қонуни нав талаб мекунад, ки барои ташкили гирдиҳамоӣ бо шумори зиёди одамон иҷозат дарёфт шавад ва гирдиҳамоиҳо дар ҷойҳое баргузор шаванд, ки мақомот пешниҳод мекунанд. Қонун ҳамчунин “ҷазои сахтарро барои вайрон кардани талаботи баргузории гирдиҳамоиҳо” пешбинӣ кардааст.

Тарҳи қонуни мазкурро вазорати иттилоот ва рушди умумӣ моҳи феврали соли ҷорӣ дар баррасии умум гузошта буд. Ҳуқуқшиносон гуфтанд, мақомот тасмим доранд, ба қонуни мавҷуда дар бораи гирдиҳамоиҳо тағйирот ворид ва ба ин тартиб дар баргузории эътирозҳову гирдиҳамоиҳо маҳдудият ҷорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG