Ссылки доступа

Шумори гирифторони вируси корона дар Қазоқистон ба 100 наздик шуд


Вазорати тандурустии Қазоқистон рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки нуҳ ҳолати дигари гирифторӣ ба вируси корона дар ин кишвар сабт шудааст.

Ба иттилои вазорат, дар маҷмуъ шумори гирифторон то нисфирӯзии 26 март дар Қазоқистон ба 97 расид. Аз ин шумор 55 ҳолат дар шаҳри Нурсултон, 34 ҳолат дар Алмато, дуҳолатӣ дар Қарағанда ва Чимкент, якҳолатӣ дар вилоятҳои Алмато, Оқтеппа, Ҷамбил ва Қазоқистони Шимолӣ сабт шудааст.

Мақомоти он кишвар ахиран хабар доданд, ки ду тан аз гирифторон шифо ёфтаанд.

Дар маҷмуъ дар дунё наздики 472 ҳазор кас ба вирус гирифтор ва бештар аз 21 ҳазор кас аз он вафот кардааст. Қариб 115 ҳазор каси дигар шифо ёфтааст.

XS
SM
MD
LG