Ссылки доступа

Сенати ИМА барномаи кумаки ду триллиониро қабул кард


Сенати ИМА аз тарҳи қонуни кумаки иқтисодӣ ба ширкатҳо, сокинон ва низоми тандурустии Амрико, дар пайи густариши вабои коронавирус, ҷонибдорӣ кард. Тарҳи мазкур ҷудо кардани 2,2 триллион долларро пешбинӣ мекунад.

Дар асоси ин тарҳ, барои ҳар амрикоие, ки солона камтар аз 75 ҳазор доллар даромад дорад, ҷудо кардани 1200 доллар ва барои ҳар кӯдак ҷудо кардани 500 доллар пешбинӣ шудааст. Баъди қабули Сенат тарҳи мазкурро бояд Палатаи намояндагони Амрико ҳам баррасӣ ва қабул кунад. Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, омода аст, ки зери қонун имзо гузорад.

Харҷи барномаи муқобила бо пайомадҳои вируси корона аз буҷаи федеролии соли 2020 ИМА бештар аст. Буҷаи федеролии ИМА барои соли 2020 1,4 триллион долларро ташкил медиҳад.

Маблағе, ки барои муқобила бо буҳрони вируси корона ҷудо мешавад, дар самтҳои зер харҷ мегардад:

  • Кумаки молӣ ба корхонаҳои хурду бузург, ки дар ҳафтаҳои охир ё ҳамаи муштариҳо ва ё қисме аз онҳоро аз даст додаанд.
  • Кумаки молӣ ба ширкатҳое, ки тасмим доранд, дар пайи буҳрон коргаронашонро ихроҷ кунанд.
  • Муваққатан бештар кардани кумакпулиҳо ба афроди бекор.
  • Пардохти кумакпулӣ ба онҳое, ки маошашон кам шудааст.
  • Ҷудо кардани $367 млрд қарз барои тиҷорати хурд.
  • Ҷудо кардани $130 млрд барои эҳтиёҷоти беморхонаҳо.

Ин севумин тарҳи қонун аст, ки дар ИМА барои муқобила бо COVID-19 қабул мешавад. Пештар аз ин Конгресси ИМА аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ кард, ки барои муқобила бо вабо, аз ҷумла барои сохтани воксини зидди вируси корона ҷудо кардани $8,3 млрд пешбинӣ мекунад. Қонунгузорон ҳамчунин аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ карданд, ки ҷудо сохтани $100 млрд барои кумак ба афродеро пешбинӣ мекунад, ки иҷборан ба рухсатӣ рафтаанд.

Дар ИМА то рӯзи 26 март 69 ҳазор кас ба вируси корона гирифтор шудааст. Шоми 25 март шумори фавтидагон аз ин вирус дар ИМА ба бештар аз 1000 расид.

XS
SM
MD
LG