Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон барои гирифторони вируси корона беморхонаҳои махсус месозанд


Дар Ӯзбекистон барои карантин ва муолиҷаи гирифторони вируси корона ба таври фаврӣ беморхонаҳои махсус бунёд мекунанд. Ин беморхонаҳо дар шаҳри Тошканд ва чаҳор вилояти Ӯзбекистон сохта мешаванд.

Дар пойтахти Ӯзбекистон сохтмони се муассисаи махсуси тиббӣ ҷараён дорад. Гуфта мешавад, ин муассисаҳо дар моҳҳои оянда ба қабули беморон шуруъ мекунанд.

Дар ноҳияи Юкоричи вилояти Тошканд 55 га замин барои бунёди муассисаи карантинӣ ҷудо шудааст. Муассисаи дигар дар ноҳияи Зангиота дар майдони 27 га ва барои 10 ҳазор кас бунёд мешавад.

Биноҳои дигар дар вилоятҳои Андиҷон, Навоӣ ва Сурхандарё бунёд хоҳанд шуд.

Ба иттилои вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар ин кишвар 65 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт ва бештар аз 20 ҳазор кас ба карантин гирифта шудааст. Вазъи гирифторон вазнин арзёбӣ мешавад. Панҷ бемор аз шумори умумии гирифторон дар марҳилаи шифоёбӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG