Ссылки доступа

Пулиси Тошканд барои мубориза бо вируси корона таҷрибаи пулиси Чинро меомӯзад


Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд таҷрибаи пулиси Чинро дар муқобила бо вабои вируси корона омӯхт. Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Тошканд хабар доданд.

Намояндагони мақомоти корҳои дохилии Ӯзбекистон бо вазири амнияти ҷамъиятии Чин Лю Тунпинем мулоқот кардаанд.

Намояндагони Чин таҷрибаашонро дар муқобила бо вируси корона ва таъмини амнияти ҷамъият ба ҳамтоёни ӯзбекистонии худ омӯзонидаанд.

Дар Чин дар давраи карантин таваҷҷуҳи асосӣ ба сокинони осоишта равона шуда буд. Дар он кишвар хонанишинии шадид эълом шуда, бар ҳар хонавода иҷозат буд, ки танҳо як узви он дар се рӯз як маротиба барои хариди ғизо ва дору ба кӯча барояд.

Намояндагони Чин аз талошҳои Ӯзбекистон дар амри пешгирии вируси корона истиқбол кардаанд. Ҳамзамон бо назардошти таҷрибаи худ, намояндагони Чин ба пулиси Ӯзбекистон машварат додаанд.

XS
SM
MD
LG