Ссылки доступа

Дар Самарқанд 52 хона зери об монд (видео)


Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон 6 апрел дар натиҷаи борони сахт 52 хона зери об монд. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон 7 апрел хабар доданд, ки хонаҳоро аз обу лой тоза кардаанд.

"Дар натиҷаи борони сахт оби рӯдхонаи "Чашма", ки аз миёни маҳаллаи "Кулолон"-и Самарқанд мегузарад, баланд шудааст. Оби рӯдхонаи "Сиёбча" низ баланд шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро мушкил сохт", - омадааст дар иттилоияи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.

Ба огаҳии вазорат, дар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ 84 корманд, 11 техникаи махсуси мақомоти ҳолатҳои фавқулода, 83 корманди мақомоти маҳаллӣ ва 12 воситаи нақлиёт иштирок доштанд.

Дар бораи ҳаҷми хисороте, ки сокинон дар пайи омадани сел дидаанд, чизе гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG