Ссылки доступа

Судяи шабгардро дар Қирғизистон ба ҷавобгарӣ мекашанд


Нисбати судяи вилояти Ӯши Қирғизистон бо айби вайрон кардани соати шабгардӣ ва ҳамла ба корманди мақомоти қудратӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора мақомоти он кишвар хабар доданд.

Бино ба иттилои мавҷуда, шоми 6 апрел судя дар ҳолати сархушӣ ва дар соате, ки берун рафтан мамнуъ аст, боздошт шуд. Вай дар ҷои ҳодиса ба кормандони пулис ҳамла кард. Мақомот нисбати вай бо моддаи "Таҳдид ва ё хушунат нисбати намояндаи ҳукумат" парванда боз карданд.

Сар аз 22 март дар Қирғизистон дар робита ба паҳншавии вируси корона ҳолати фавқулода эълом шуд. Сар аз 25 март дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Ҷалолобод ва ҳамчунин чанде аз ноҳияҳои дигари Қирғизистон низоми ҳолати фавқулода ҷорӣ гардид.

Ба иттилои пулис, аз замони шуруи ҳолати фавқулода дар Қирғизистон сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст. Барои намуна, аз 22 март то рӯзи 5 апрел дар он кишвар 1351 ҷиноят сабт шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 2194 ҳолат сабт шуда буд.

XS
SM
MD
LG