Ссылки доступа

Авфи беш аз 250 маҳбуси ӯзбекистонӣ дар остонаи Иди Рамазон


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармон "Дар бораи авфи гуруҳе аз маҳбусоне, ки содиқона аз кардаашон пушаймон ва ислоҳ шудаанд"-ро имзо кард. Ин авф ба муносибати Иди Рамазон қабул шудааст.

Фармони мазкур авфи 258 маҳбусро пешбинӣ мекунад.

Аз ин шумор 16 тан комилан аз идомаи адои ҷазо озод, 101 тани дигар пеш аз муҳлат озод, ҳукми 24 каси дигар сабук ва ҳукми 117 тани дигар кам карда мешавад.

Миёни авфшудагон 7 марди аз 60-сола боло, 1 зан, 7 шаҳрванди хориҷӣ, 164 шаҳрванде, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнуи хориҷӣ ширкат доштанд, ҳастанд.

XS
SM
MD
LG