Ссылки доступа

Нотаи намояндагии СММ ба раиси порлумони Қирғизистон дар робита ба тарҳи қонуни созмонҳои иҷтимоӣ


Намояндагии доимии низоми ҳамоҳангсозии СММ дар Қирғизистон ба раиси порлумони ин кишвар Достон Ҷумабеков нота ирсол кард. Дар нота мавқеи намояндагии СММ дар робита ба тарҳи қонуни мурбат ба танзимкунандаи фаъолияти созмони иҷтимоӣ баён шудааст.

Намояндаи СММ гуфтааст, ки ташаббуси мазкур нигаронии ҷиддии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеа, аъзои порлумон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овардааст.

"СММ ҳамоно нигарон аст, ки порлумон бидуни баргузории машварати густарда ва ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ тағйирот ба қонун дар бораи созмонҳои иҷтимоиро қабул мекунад", - омадааст дар нома.

Имрӯз, 22 май порлумони Қирғизистон дар ҷаласае қабули тарҳеро баррасӣ мекунад, ки ба назароти бештари созмонҳои иҷтимоӣ равона шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, баргузории ҷаласа ва баррасии тарҳи мазкур замоне баргузор мешавад, ки дар кишвар карантин идома дорад.

Тағйироти мазкур созмонҳои иҷтимоиро вазифадор мекунад, ки дар бораи фаъолиятҳои худ ҳисоботи иловагии молӣ пешниҳод кунанд. Дар ғайри сурат онҳо ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG