Ссылки доступа

Алишер Усмонов ба камбизоатҳои Ӯзбекистон $1,5 млн кумак кард


Миллиардери машҳури ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ба 6 ҳазор хонаводаи вилоятҳои Намангон ва Андиҷони Ӯзбекистон 15 миллиард сӯм (наздики 1,5 миллион доллари ИМА) кумак кард.

Бино ба хабари расонаҳо, 12, 5 миллиард сӯмро наздики 5 ҳазор хонавода аз вилояти Намангон, аз ҷумла 1000 хонавода аз ноҳияи Чӯй, 997 оила аз ноҳияи Намангон ва 2,5 миллиарди дигарро 1000 хонаводаи камбизоат аз вилояти Андиҷон дарёфт кардаанд.

Пулҳо ба кортҳои бонкӣ гузаронида шуда, ба соҳибонашон тақдим гаштааст.

Усмонов пештар низ ба хонаводаҳои осебдида дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардобаи Ӯзбекистон беш аз 15 миллион доллар кумак карда буд.

Алишер Усмонов, ки дар ноҳияи Чӯйи вилояти Намангони Ӯзбекистон ба дунё омадааст, яке аз шахсони сарватмандтарин дар Русия ва Бритониё шумурда мешавад. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро $13,4 млрд арзёбӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG