Ссылки доступа

Наздики 500 қирғизистонӣ баъд аз рӯзҳои истиқомат зери хаймаҳо дар Оренбург, ба Бишкек расиданд


448 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар вилояти Оренбурги Русия дар монда буданд, марзи Русия бо Қазоқистонро убур ва тавассути автобусҳо сӯи Бишкек равона шуданд.

Қирғизистониҳои савори 9 автобус, ки аз сӯи ҳукумати Қирғизистон ташкил шудааст, таҳти назорати нозирони роҳи Қазоқистон ҳаракат доранд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Русия қарор доранд, даъват кард, ба далели баста будани марзи Қазоқистон, тавассути вилояти Оренбурги Русия сафар накунанд.

Наздики 500 шаҳрванди бандмондаи Қирғизистон дар вилояти Оренбурги Русия дар хаймаҳое зиндагӣ мекарданд, ки вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои онҳо ташкил карда буд.

XS
SM
MD
LG