Ссылки доступа

Шумори гирифторони вируси корона дар Қазоқистон ба 7 600 наздик шуд


Дар Қазоқистон рӯзи 21 май 363 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона сабт шуд.

Мақомоти он кишвар хабар медиҳанд, ки ба ин тартиб шумори умумии гирифторон ба 7597 расидааст.

Аз шумори гирифторони нав 130 ҳолат дар вилояти Қарағанда, 35 ҳолат дар Алмато, 54 ҳолат дар шаҳри Нурсултон, 31 ҳолат дар Чимкент ва мубталоёни боқимонда дар минтақаҳои дигар сабт шудааст.

Ба иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, дар ин кишвар 3843 мубталошуда шифо ёфта, 35 тан фавтидааст.

XS
SM
MD
LG