Ссылки доступа

Расонаҳо: ИМА ва Русия омодаанд, маҳдудсозии кулоҳакҳои ҳастаиро муҳокима кунанд


Намояндагони ИМА ва Русия тасмим доранд, ки барои баррассии пешниҳоди Амрико дар мавриди бастани созишномаи густардаи маҳдудсозии кулоҳакҳои ҳастаӣ мулоқот кунанд.

Вашингтон мегӯяд, Чин ҳам бояд ба ин созишнома шомил карда шавад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳанд.

Мулоқоти Маршалл Биллингслӣ, намояндаи Доналд Трамп, президенти ИМА ва Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия нахустин мулоқоти расмии ду кишвар барои баррасии пешниҳоди Трамп унвон мешавад. Ин мулоқот қарор аст, дар шаҳри Вена баргузор шавад. "Мо розӣ шудем, ки бо назардошти вазъи паҳншавии вируси корона, ба маҳзи фароҳам шудани шароит мулоқот кунем", - гуфт намояндаи амрикоӣ.

Расонаҳо менависанд, ИМА ба бастани созишномаи се ҷониба, бо иштироки Чин, пойфишорӣ дорад. Аммо аз ҳоло маълум аст, ки Пекин дар чунин созишномае ширкат нахоҳад кард. Маршалл Биллингслӣ ба ҷониби Русия расонидааст, ки ИМА интизор дорад, Москва Пекинро ба гуфтугӯ моил мекунад.

Вашингтон ҳамзамон гуфтааст, мехоҳад, созишномаи мавриди назар ҳамаи кишварҳои дорои кулоҳакҳои ҳастаиро дар бар гирад.

XS
SM
MD
LG