Ссылки доступа

Мақомот гуфтанд, ҳамаи муҳоҷирони ихроҷшударо аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд


Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳамаи шаҳрвандони кишварро аз марказҳои нигоҳдории муваққатии Русия ба ватан бармегардонанд.

Ин гуруҳи муҳоҷирон асосан афроде ҳастанд, ки қарори додгоҳ барои ихроҷашон аз Русия содир шуда, аммо бо сабаби қатъи парвозҳо натавонистанд ба ватан бозгарданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 25-уми май бо нашри як иттилоия гуфт, бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия дармондаанд, бар асоси як нақша сурат мегирад.

Ба иттилои Сафорат, дар навбати аввал шаҳрвандоне ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, ки дар марказҳои муваққатии Русия ҳастанд. "Тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Россия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд,"-навиштааст Сафорат.

Мақомот гуфтанд, масъалаи баргардондани шаҳрвандони дигари Тоҷикистон аз Русия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ аст. Ба гуфтаи мақомот, бозгардонии шаҳрвандони дармонда аз Русия бештар ба фароҳам будани ҷой барои карантини онҳо дар Тоҷикистон бастагӣ дорад.

Дар ҳафтаи ахир мақомот бо ду парвози вижа даҳҳо шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистон ба ватан оварданд. Ин тасмими мақомот дар пайи нигаронии ҷиддии ин гуруҳи муҳоҷирон аз вазъи тоқатфарсои худ дар боздоштгоҳҳо сурат гирифт.

Мақомот мегӯянд, бар асоси як нақша шаҳрвандони дармондаи тоҷикро аз дигар кишварҳои хориҷӣ ба ватан бармегардонанд.

Тоҷикистон бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро ба қаламраваш аз рӯзи 19-уми март ба таври ногаҳонӣ қатъ кард. Баъд аз қатъи парвозҳо то ин вақт танҳо чанд парвози махсус барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва интиқоли кумакҳои башардӯстона ба кишвар анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG