Ссылки доступа

Тирандозӣ дар марз: Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба истифодаи силоҳ муттаҳам кард


Мақомоти марзбонии Қирғизистон аз тирпарронӣ дар сарҳади ин кишвар бо Тоҷикистон хабар доданд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, шаби гузашта афроди номаълум аз сӯи Тоҷикистон ба ҷониби як шаҳрванди Қирғизистон оташ кушодаанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, тирпарронӣ тахминан соати 1:20-и шаб дар минтақаи Эки-Таши ноҳияи Боткенд рух додааст. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, афроди номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ба сӯи як мошини шаҳрвандони 38-солаи Қирғизистон, ки аз роҳи Ош-Исфана мегузашт, аз силоҳи шикорӣ оташ кушоданд.

Дар изҳороти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса шаҳрванди ин кишвар захми сабук бардошта, дар беморхонаи деҳаи Самарқандак бистарӣ шудааст.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро ба оташкушоӣ муттаҳам карда буданд. Неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27-уми май дар як изҳорот гуфт, Соат Бахтибеков, як шаҳрванди Қирғизистон ба сӯи Шукрона Шарофова, сокини 25-солаи ҷамоати Чоркуҳ оташ кушод.

Ҳарчанд дертар Соатбек Бахтибоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ин гуфтаи ҷониби Тоҷикистонро рад кард. Вай гуфтааст, то нимарӯзи 27-уми май дар хонаи ҷияанаш, начандон дуртар аз ҷойи ҳодиса буд, вале афзудааст, ягон силоҳ надорад ва ба даст силоҳ ҳам нагирифтааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, нафаре, ки ба Шукрона Шарофова тир задааст, аз хешовандони сокини Куктош аст, ки дар муноқишаи рӯзи 8-уми май захмӣ шуда буд.

Неруҳои марзбонии Қирғизистон гуфтааст, вазъият рӯзи 2-юми июн дар марз муътадил буда, кормандони милиса ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳар сари чанд вақт шоҳиди муноқиша миёни сокинони наздимарзӣ мешавад, ки баъзан марзбонон низ ба он ҳамроҳ мешаванд. Ҷанҷолу тирандозӣ дар минтақаҳои аломатгузоринашуда марз барои обу замин ва чарогоҳ гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро бикашанд.

XS
SM
MD
LG