Ссылки доступа

Вазорати мудофиаи Русия озмоиши воксинҳои зидди COVID-19-ро шуруъ кард


Вазорати мудофиаи Русия 50 довталабро аз шумори низомиён барои озмоиши воксини зидди COVID-19 интихоб кард. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар доданд.

Вазорат мехоҳад, воксинеро озмоиш кунад, ки бо иштироки Донишкадаи марказии илмиву таҳқиқотии вазорати мудофиаи Русия сохта шудааст. Нахустин гуруҳи довталабон рӯзи 3 июн воксин хоҳанд гирифт.

Ҳанӯз ибтидои моҳи апрел хабар расида буд, ки вазорати мудофиаи Русия дар сохтани воксини зидди вируси корона ширкат мекунад. Қарор аст, озмоиши клиникии воксина то охири моҳи июли соли ҷорӣ ба поён расад.

Александр Гинтсбург, академики Академияи илмҳои Русия рӯзи 22 май хабар дод, кормандони марказ воксини зидди вируси коронаро дар ҷисми худ озмоиш карданд ва "ҳамаи онҳо сиҳату саломатанд".

Сергей Собянин, раиси шаҳри Москваи Русия ахиран гуфт, ки то замони сохтани воксини зидди коронавирус тадбирҳои беҳдоштии пешгирӣ аз ин вирус комилан бекор намешаванд.

XS
SM
MD
LG