Ссылки доступа

Чин маълумот дар бораи коронавирусро амдан пинҳон кардааст


Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) дар моҳи январи имсол дар маҳзари ом Чинро барои вокуниши зуд ба муқобили коронавируси нав ситоиш мекард. Дар чандин чунин ситоишҳо "саривақт" дар ихтиёри СҶТ гузошта шудани харитаи генетикии вирус ва ҳам шаффофияти ҳукумат ва "бисёр муассир" будани он таъкид шуд.

Вале тавре оҷонси хабарии "Ассошиэйтед Пресс" маълум кардааст, дар пушти саҳна вазъият тамоман дигар буд ва воқеият ин аст, ки Чин дар пешниҳоди маълумот таъхир мекарду мақомдорони СҶТ аз ин ҳолат "нороҳату бисёр хаста шуданд". Даҳҳо мусоҳибони оҷонсӣ ва санадҳои дохилӣ мегӯянд, мушкил дар назорати шадиди иттилоъ ва ҳам рақобати тунд дар дохили низоми давлатии тиббӣ аст.

Озмоишгоҳҳои давлатии Чин геном (маълумоти биологӣ дар бораи хусусиятҳои вирус)-и коронавируси навро танҳо баъд аз он нашр карданд, ки рӯзи 11-уми январ як лабораторияи дигар ин маълумотро чоп кард. Ҳатто баъди ин ҳам Чин давоми ду ҳафта аз таъмини СҶТ бо иттилои дақиқу фарогир дар бораи беморон худдорӣ мекард.

Хулосаҳои ҷаласаҳои дохилии СҶТ баёнгари он аст, ки дар тӯли моҳи январ, яъне замоне ки имкони кам кардани суръати паҳншавии вирус вуҷуд дошт, мақомоти Чин аз табодули иттилоъ худдорӣ мекарданд.

Оҷонси "Ассошейтед Пресс" дарёфт, ки СҶТ ба хотири гирифтани маълумоти ҳарчи бештар аз ҳукумати Чин дар маҳзари ом аз он ситоиш мекард, вале дар ҷаласаҳои корӣ ва ба таври хусусӣ Чинро барои худдорӣ дар ироаи иттилоъ, роҳҳои паҳншавии он дар миёни мардум ва ё хатари он ба дигар аъзои сайёра интиқод менамуд.

Мария Ван Керхове, мутахассиси бемориҳои сироятӣ ва раҳбари тими фаннии COVID-19 дар Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аст. Вай гуфт, "мо бо иттилои ҳадди ақал сарукор мегирем". Ба қавли ӯ, "дар нақшагирии кор ин хеле нокофӣ мебошад".

Доктор Гаулен Галеа, мақомдори аршади СҶТ дар Чин, бо ишора ба Телевизиони давлатии Чин дар як ҷаласаи дигари моҳи январ гуфтааст: "Мо ҳоло дар вазъияте қарор дорем, ки ҳар хабари навро танҳо 15 дақиқа пеш аз нашри он дар CCTV ироа мекунанд".

Нашри ҷузъиёти пайдоиш ва бархӯрд бо вируси нав дар "Ассошиэйтед Пресс" дар ҳолест, ки СҶТ дар ҳолати дифоӣ қарор дорад, чун таҳқиқи мустақилонаи байналмилалӣ бархӯрди созмонро дар муқобили коронавируси нав мавриди санҷиш қарор додааст. Баъди он ки созмон ҳукумати Чинро дар оғози сол чанд бор ситоиш кард, президенти Амрико Доналд Трамп СҶТ-ро мавриди тозиёнаи танқид қарор дод ва ба эҳтимоли муомилаи пинҳонӣ бо Пекин ва сар задани бӯҳрони беҳдоштӣ айбдор намуд.

Бо ин ки қонунҳои байналмилалӣ кишварҳоро муваззаф мекунанд, ки ба СҶТ дар бораи ҳолатҳои марбут ба сиҳатии омма гузориш диҳанд, созмон қудрати фишороварӣ ва ё ҳаққи таҳқиқи мустақилонаи қазияҳоро надорад. Ин созмон ба ҳамкорӣ бо ҳукумат вобаста аст.

Натиҷаҳои таҳқиқи журналистӣ нишон дод, ки СҶТ бо Чин вориди муомила нашуда, тавре Трамп иттиҳом зада буд, балки дар як кунҷ зада шуд ва мутобиқи қонун бо маълумоти ҳадди ақал таъмин гардид. Вале, бо ин вуҷуд, ин ниҳод талош кардааст ба хотири дарёфти иттилои бештар Чинро ситоиш кунад. Коршиносони СҶТ гуфтанд, ки донишмандони чинӣ барои мушаххас кардани вирус бо вуҷуди набуди шаффофият дар сатҳи мақомот "кори хеле хуб анҷом доданд".

То рӯзи 2-юми июн ба коронавирус беш аз 6 миллион нафар гирифтор шуда, 375 ҳазор кас ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG