Ссылки доступа

ИМА барои мубориза бо коронавирус ба Туркманистон $500 000 медиҳад


Сафорати ИМА дар шаҳри Ишқобод барои андешидани чораҳои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус ба ҳукумати Туркманистон 500 ҳазор доллари дигар ҷудо кард.

Ба огаҳии сафорати ИМА дар Туркманистон, ҳамакнун кумакҳои умумии молии ҳукумати Амрико ба Ишқобод ба 1,42 миллион доллар расид.

Ҳукумати ИМА моҳи апрели соли равон ба маблағи 920 ҳазор доллар ба Туркманистон кумаки тиббӣ расонд. Амрико дар давоми 20 соли ахир бо ҳукумати Туркманистон ва шарикони маҳаллӣ дар самти иҷрои барномаҳои дуҷониба ва минтақавӣ ҳамкории зич ба роҳ мондааст, ки маҷмуи маблағи ин тарҳҳо 207 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, беш аз $21 миллион ба бахши тандурустӣ равона шудааст.

Ин дар ҳолест, ки раҳбарияти Туркманистон ҳанӯз ҳам ба мавҷуд набудани коронавирус дар ин кишвар пойфишорӣ мекунад.

Туркманистон ҳанӯз дар моҳи март дар баробари кишварҳои дигар барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус даст ба иқдом зада, равуои ҳавоиро манъ кард ва марзҳоро бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла барои интиқоли мол баст.

Дар мактабҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон низ таҷлили ҷашни хатм манъ карда шуд.

XS
SM
MD
LG