Ссылки доступа

"Дар рӯйи бетон хобанд." Ду моҳ интизории муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистон


Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нияти бозгашт ба ватан чандин ҳафта аст, ки дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд.

Ба иттилои сафорати Тоҷикистон ва маркази ҳуқуқии "Сана сезим" дар Қазоқистон, дар посгоҳи марзии "Жибек Жолӣ"-и вилояти Туркистони Қазоқистон 187 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад. Ин гузаргоҳ бо вилояти Тошканди Узбекистон ҳаммарз аст.

Ҳарду кишвар бо сабаби пандемияи коронавируси нав дар шароити ҳолати фавқулода ба сар мебаранд ва марзҳо бастааст.

Дар миёни муҳоҷирони дармонда дар марз, аз ҷумла 17 кӯдак ва 14 зан ҳастанд.

Раҳим Шагнамов, корманди консулгарии Тоҷикистон дар Алмато рӯзи 1-уми июн гуфт, ӯву котиби сеюми сафорат "шабонарӯзӣ дар назди мардум дар гузаргоҳи марзии "Жибек Жолӣ" ҳастанд".

Ба гуфтаи ӯ, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон "ду моҳ пеш" ба гузаргоҳи марзӣ омада, дармонданд ва дигарон тадриҷан "се-чаҳорнафарӣ" ҳафтаҳои охир дар инҷо ҷамъ шуданд.

Раҳим Шагнамов гуфт, бисёре аз муҳоҷирони дармонда аз Русия омадаанд: "Ин гузаргоҳи марзӣ аст. Жибек Жоли. Онҳо ҳама зери шипанг (навес) дар болои бетон хобанд". Ӯ гуфт, дар байни онҳо "ягон кас бемор нест".

Ба суоли ин ки оё онҳоро чӣ гуна бо ғизову муҳимоти зарурӣ таъмин мекунанд, гуфт: "Ғизоро соҳибкорон меоранд, ҳукумат бо об таъмин кардааст. Созмони “Сана сезим” се дафъа ёрӣ овард: аввал ниқобу маҳлули зиддисептикиву санитарӣ, баъд обу ғизо ва ба кӯдакон қанду шириниву мева."

Дастандаркорон мегӯянд, вазифаи аввал ҳалли масъалаи интиқоли мардум ба Тоҷикистон аст, ки бояд бо мувофиқаи ҳукумати се кишвар – Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ҳал шавад.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувум барои муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон баъд аз ду моҳи баста будани марз бар асоси мувофиқа бо кишварҳои хориҷӣ ахиран дар чанд парвози чартерии ҳавопаймоҳо шаҳрвандони дармондашро аз Русияву Туркия, Ҳинд ва Имороти Муттаҳидаи Араб баргардонид. Ин афрод низ давоми ду моҳ дармонда буданд.

Бар асоси иттилои ВКД-и Қазоқистон, оғози соли 2020 дар ин кишвар 1,1 миллион шаҳрванди кишварҳои ИДМ (СНГ) ба қайд гирифта шуданд, ки асосан бо ҳадафи кор ба ин кишвари ғанӣ аз нафту газ рафтаанд. Бар асоси созишномаи муҳоҷирати кори Тоҷикистону Қазоқистон, соле беш аз 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи кор бар асоси квота дар ин кишвари Осиёи Марказиро доранд, вале ба бовари коршиносон, шумори воқеии шаҳрвандони тоҷики ҷӯёи кор ба маротиб бештар аз омори расмӣ аст.

XS
SM
MD
LG