Ссылки доступа

Дар Қирғизистон аз 5 июн парвозҳои дохилӣ аз сар гирифта мешаванд


Дар Қирғизистон аз 5 июни соли равон парвозҳои дохилӣ, ки дар пайи шуюи коронавирус қатъ гашта буданд, аз сар гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ миёни минтақаҳо оғоз мешавад.

Муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов ҳушдор дод, ки назорат дар нақлиёти ҷамъиятӣ бояд сахт ба роҳ монда шавад. Пӯшидани ниқоб ва санҷидани ҳарорати бадан ҳангоми дохил шудан ба нақлиёт ҳатмӣ хоҳад буд.

"Ҳамагуна ташкили интиқоли мусофирон тавассути автобус ё таксӣ бояд бехатар бошад. Мо бояд мутмаин бошем, ки мусофирон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сафар мекунанд", - гуфт Боронов дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон барои мубориза бо вирус.

Пештар хабар доданд, ки парвозҳои дохилӣ аз 8 июн дар Қирғизистон аз сар гирифта мешаванд.

Дар Қирғизистон парвози ҳавопаймоҳо дар миёнаҳои моҳи марти соли равон, баъди ошкор шудани коронавирус қатъ шуд. Аз 22 март дар ин кишвар вазъи фавқулода эълом ва дар шаҳрҳои бузургтарин аз 25 март вазъи изтирории шадид ҷорӣ гашт.

XS
SM
MD
LG