Ссылки доступа

Маҳбусони боздоштгоҳи муваққатии Қазоқистон даст ба ошӯб заданд


Маҳбусони боздоштгоҳи муваққатӣ дар наздикии шаҳри Атирауи Қазоқистон субҳи 3 июн аз тирезаи утоқҳои худ либосҳои хунолудро нишон дода, фарёд мекарданд, ки "наҷот диҳед, кумак кунед, "ёрии таъҷилӣ"-ро даъват кунед", менависад хабаргузории қазоқии "Ак Жайик".

Ба иттилои расона, дар наздикии бинои боздоштгоҳ даҳҳо наздикону пайвандони маҳбусон ҷамъ шуда буданд. Як ҳамсуҳбати расона аз шаҳри Лаура гуфтааст, бародари ӯ аз тиреза либоси хунолудро нишон додааст. "Мо хостем, "ёрии таъҷилӣ"-ро даъват кунанд, вале ба мо гуфтанд, ки дар дохили боздоштгоҳ табибон ҳастанд", - афзуд ӯ.

Як масъули додситонии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ Сакен Жандирбоев ба хабаргузорӣ гуфт, чанд боздоштшуда ва маҳбус "тартиботи дохилиро риоя накарданд". "Ҳоло тафтишот идома дорад. Ман ҳамаи довталабонро дар дохил қабул кардам. Ҳамчунин осебҳои ҷисмонӣ низ ташхис карда мешавад", - изҳор дошт додситон.

Ба иттилои сомонаи Atpress.kz, дар боздоштгоҳи №157/1 маҳбусон даст ба ошӯб задаанд ва чандин нафарро ба утоқи ҷаримавӣ интиқол доданд. Ба гуфтаи пайвандони зиндониён, маҳбусон аз сифати ғизо, шароити беҳдоштии утоқҳо ва набудани кумаки тиббии касбӣ шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG