Ссылки доступа

Тоқаев истифодаи ибораи "ҷамъияти русҳо"-ро дар Қазоқистон манъ кард


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 3 июн дар суҳбат бо нашрияи русии "Комсомолская правда" гуфт, ба идеологҳо истифодаи ибораи "ҷамъияти русҳо"-ро манъ кардааст.

Ба гуфтаи Тоқаев, ҳамаи қазоқистониҳо худро як миллат медонанд ва бинобар ин, дар ин кишвар мафҳуми "ақалияти миллӣ" вуҷуд надорад.

"Чанде пеш дар як матлаби таҳлилии хориҷӣ бо ибораи "ҷамъияти рустаборони Қазоқистон" вохӯрдам. Ба идеологҳо ва таҳлилгарони худамон ҳушдор додам, ки ҳеч гоҳ ингуна ибораро истифода набаранд. Русҳо як бахши мардуми мо ҳастанд ва саҳми онҳо дар барқарорӣ ва рушди Қазоқистон бузург аст ва фаромӯш нахоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Президенти Қазоқистон изҳор дошт, ки бештари номҳои русӣ дар таърихи ин кишвар бо "ҳарфи тилоӣ" навишта шудаанд.

Қазоқистон 18,6 млн аҳолӣ дорад, ки беш аз 3,5 миллиони онҳоро русҳо ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG