Ссылки доступа

Дар робита ба марги Флойд зидди 4 маъмури пулис айб эълом шуд


Дар ИМА зидди корманди пулис Дерек Чаувин, ки ҳангоми боздошт зонуяшро ба гулӯи марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойд гузошта буд, айбҳои ҷиддитаре эълом карданд. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ бо истинод ба Додситонии кулли аёлати Миннесот иттилоъ доданд.

Дерек Чаувин, ки пештар бо айби куштори ғайриамдӣ ва дараҷаи севум ба ҳабс гирифта шуда буд, дар куштори дараҷаи дувум низ айбдор мешавад. Ба ӯ то 40 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои Fox News, ҳамчунин ба ҳабси се корманди дигари пулисе амр шудааст, ки бо Чаувин дар раванди боздошти бераҳмонаи Флойд иштирок доштанд. Ҷей-Александр Куенг, Томас Лейн ва Ту Тао дар ҳамдастӣ ва таҳрик ба ҷиноят айбдор мешаванд.

Ҳамаи ин чор корманди пулис аз мақом барканор карда шудаанд.

Флойди 46-сола пас аз боздошт зуд ба беморхона интиқол ёфта, 25 май ҷон бохт. Видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад Флойд бо дастони баста дар замин хобида, маъмури пулис зонуяшро ба гулӯи ӯ мондааст. Вай чанд бор мегӯяд, ки нафаскашияш мушкил шудааст ва ӯро раҳо кунанд.

Марги Флойд дар Миннеаполис боиси сар задани бетартибиҳои оммавӣ дар тамоми минтақаҳои Амрико шуд. Мақомот маҷбур шуданд, барои таъмини тартибот Горди миллиро низ сафарбар кунанд. Ҳоло тақрибан дар 40 шаҳр, бо шумули Вашингтон ва Ню-Йорк соати комендантӣ ҷорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG