Ссылки доступа

Ӯзбекистон аксиз аз воридоти мошинро бекор кард


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 июн қарори "Тадбирҳои иловагӣ барои ба тартибдарории фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳавасмандгардонии рушди бозори дохилии мошин"-ро имзо кард.

Ба огаҳии Вазорати адлияи Ӯзбекистон, фармон аз 1 августи соли равон аксиз аз воридоти нақлиёти зерин бекор карда мешавад:

– тракторов (рамз ТН ВЭД – 8701);

– нақлиёти дорои муҳаррик барои интиқоли 10 одам ё зиёда аз он (8702);

– мошини сабукрав ва нақлиёти дорои муҳаррик, ки барои интиқоли одамон пешбинӣ шудааст (ба ҷуз аз 8702), бо шумули мошинҳои мусофирбар-боркаш ва автомобилҳо барои мусобиқа (8703);

– мошинҳои дорои муҳаррик барои интиқоли бор (8704).

Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон аксизи воридоти мошинҳои сабукрав 30 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳаҷми аксизи мошинҳои истеҳсоли Русия, Қазоқистон ва Украина ду дарсади арзиши гумрукӣ аст. Ҳамчунин барои мошинҳои истеҳсоли кишварҳое имтиёз дода мешавад, ки бо Ӯзбекистон созишнома дар бораи минтақаи озодӣ иқтисодӣ имзо кардаанд.

Феълан ҳангоми ворид кардани мошин ба Ӯзбекистон андоз аз арзиши иловашуда (15%), боҷи гумрукӣ ва аксиз ситонида мешавад. Ба иттилои сомонаи Autostrada, ки бо омӯзиши бозори мошин машғул аст, бекор шудани аксиз нархи мошинҳои хориҷиро дар Ӯзбекистон дасти кам 2400 доллар кам мекунад.

XS
SM
MD
LG