Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон озодии Хасеновро барои танқиди Назарбоев 3 сол маҳдуд кард


Додгоҳе дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон озодии Арман Хасеновро, ки 12 апрели соли равон дар як муроҷиатномаи видеоӣ президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев ва хонаводаи ӯро танқид карда буд, се сол маҳдуд намуд.

Ин сокини 29-солаи Қарағанда дар "таҳқири оммавӣ ва паст задани шарафаи президенти нахустини Қазоқистон бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳо" айбдор дониста шудааст. Ҳамчунин ӯ дар давоми муҳлати адои ҷазои худ солона то ба 100 соати меҳнати иҷборӣ ҷалб карда мешавад. Хасенов аз толори додгоҳ озод шуд.

Хасенов, ки қаблан доғи судӣ надошт, "видеои ҳафтдақиқаиеро сабт намуда, дар он бо суханҳои қабеҳ Назарбоевро таҳқир ва сипас наворро дар Интернет паҳн кардааст".

Сокини Қарағанда дар додгоҳ " гуноҳро ба гардан гирифта, бо изҳори пушаймонӣ хоҳиш кардааст, то барояш ҷазои сабук муайян кунанд. Ҳамчунин ваъда дода, ки дар оянда чунин навор дигар сабт нахоҳад кард.

Хадамоти матбуотии Кумитаи амнияти Қазоқистон дар бораи боздошти Хасенов 13 апрел, баъди нашри видео хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG