Ссылки доступа

Ӯзбекистон боз кардани масҷидҳоро то ба 8 июн ба таъхир гузошт


Дар Ӯзбекистон аз 8 июн дари масҷидҳое боз мешавад, ки дар минтақаи "сабз" ҷойгиранд. Дар ин бора дар изҳороти Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ гуфта шудааст.

Пештар комиссия хабар дода буд, ки дари масҷиду иттиҳодияҳои дигари динӣ дар минтақаҳои "сабз" аз 5 июн боз карда мешавад.

Бар асоси изҳороти ахири комиссия, аз 5 то 8 июн барои таъмини бехатарӣ дар масҷиду калисоҳо ва аз сар гирифтани фаъолияташон як қатор чораҳо андешида хоҳад шуд.

Ин чораҳо ба риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ равона шуда, аз ҷумла, безараргардонӣ, аломатҳои ишоратӣ барои риояи фосилаи иҷтимоӣ на камтар аз 1,5 - 2 метр ва ташкили давраҳои омӯзишӣ барои кормандони иттиҳодияҳои диниро дар бармегирад.

Дар Ӯзбекистон аз 8 май минтақаҳо бо назардошти паҳн шудани коронавирус бо рангҳо табақабандӣ шудаанд. Минтақаи аз ҳама хатарнок "сурх" ва минтақаи озод аз вирус "сабз" номида мешаванд.

XS
SM
MD
LG