Ссылки доступа

"Шикор"-и занони ронанда дар кӯчаҳои Ишқобод идома дорад


Дар Туркманистон бештари занҳо ба иллати маҳдудияти ғайрирасмие, ки мақомоти он кишвар ҷорӣ кардаанд, аз истифодаи мошини шахсӣ худдорӣ мекунанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод, дар пойтахти Туркманистон "шикор"-и занҳое, ки пушти фармон менишинанд, ҳанӯз идома дорад. Бештари занҳо ба хотири аз даст надодани шаҳодатномаи ронандагӣ мошинҳоро дар хона мегузоранд.

"Шумори бонувоне, ки мошинҳояшонро дар хона мегузоранд, то рафт афзоиш меёбад. Онҳоро ҳушдор додаанд. Бисёриҳо ин ҳафта аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ мекунанд", - афзуд хабарнигор.

Тавре маълум гашт, раҳбарияти Раёсати пулиси роҳи Ишқобод ба маъмупрони худ барои боз доштани занони ронанда дар роҳҳо дастури шифоҳӣ додааст. "Ин дастур ҳам ба монанди фармонҳои дигар дар кишвари мо шифоҳӣ аст. Он дар тамоми Туркманистон иҷро мешавад. Кормандони пулис дар мавриди боз доштан ва интиқоли мошинҳои занони ронанда ба таваққуфгоҳ нақша доранд. Агар шумори мошинҳо кам бошад, маъмуронро сарзаниш мекунанд. Агар занеро боз доранд, ки муҳлати асноди ронандагияш гузаштааст, парвандаашро мустақиман ба додгоҳ мефиристанд", - афзуд хабарнигор.

Дар Туркманистон солҳои ахир ҳуқуқи занони ронанда ба таври бесобиқа поймол мешавад. Дар баробари надодани шаҳодатномаҳои нави ронандагӣ ба бонувон занони ронандаро дар роҳҳо боз дошта, бо ҳар баҳона онҳоро аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум месозанд.

XS
SM
MD
LG