Ссылки доступа

Дар Қирғизистон коргоҳи телевизиони "3 канал"-ро оташ заданд


Афроди ношинос субҳи 7 июн коргоҳи телевизиони "3 канал"-ро дар шаҳри Талас, дар шимолу шарқи Қирғизистон оташ заданд. Пулиси Талас таҳқиқи оташзӯсиро оғоз кард.

Раҳбари телевизион Жаннат Токтосунова ба бахши қирғизиии Радиои Озодӣ гуфт, оташ задани коргоҳи онҳо як амали барқасдона ва тарҳрезишуда аст. Дар натиҷаи он, тамоми техникаҳои коргоҳ сӯхтааст.

"Ин кор махсус анҷом шудааст. Зеро шахсони номаълум тирезаро шикаста, зарфи маводи оташангезро ҳаво додаанд. Агар дузд мебуданд, даромада, техникаҳоро мегирифтанд. Онҳо мехостанд, дар коргоҳ таркиш рух диҳад. Ман ҳодисаро ҳамчун кӯшиши тарсонидани рӯзноманигорон баҳо медиҳам. Пештар талошҳо барои бастани телевизион буд, вале мо муқобала кардем. Агар дар коргоҳ таркиш рух медод, моро ба хотири риоя накардани бехатарии техникӣ мебастанд", - изҳор дошт Токтосунова.

Ба гуфтаи Токтосунова, тамоми техникаҳое, ки пахши барномаҳо дар эфирро таъмин мекарданд, ба коми оташ фурӯ рафтанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, ҳаҷми хисорот 10-15 ҳазор доллар гуфта мешавад.

Телевизиони "3 канал" шахсӣ буда, аз соли 2017 ба ин сӯ дар Талас фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG