Ссылки доступа

Юнон дар интизори сайёҳон: маҳдудиятҳо сабуктар шуданд


Юнон аз рӯзи якшанбе маҳдудиятҳоеро, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус ҷорӣ буданд, сабуктар кард. Аз 15 июн шаҳрвандони 29 кишвар метавонанд барои истироҳат ба Юнон раванд.

Ин рӯйхати кишварҳо моҳи май нашр шуда буд ва Русия ба он шомил нашудааст. Вале русиягиҳо метавонанд ба шарте ба Юнон раванд, ки ҳафтаи аввали сафарашонро дар меҳмонсарои муайян кардаи ҳукумат паси сар кунанд. Дар сурати манфӣ баромадани натиҷаи санҷиши вирус иҷозати рафтан ба соҳилро дарёфт мекунанд.

Ба рӯйхати мазкур Қибрис, Албания, Македонияи Шимолӣ, Сербистон, Черногория, Хорватия, Булғористон, Руминия ва Малта шомиланд.

Ҳамчунин як қатор кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Ғарбӣ - Венгрия, Чехия, Словения, Словакия, Олмон, Австрия, Швейтсария, ҳамаи давлатҳои Аврупи Шимолӣ ва Балтик, ба ҷуз Шветсия, Дания, Финляндия, Норвегия, Латвия, Литва ва Эстония шомили рӯйхатанд. Аз Шарқи Наздик ва Дур Исроил, Лубнон, Чин, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия ва Зеландияи нав ҳам дар феҳрист ҳастанд.

Юнон яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст, ки аз ҳамагир шудани коронавирус камтар осеб дидааст. Ҷамъан ҳудуди се ҳазор сокини ин кишвар ба коронавирус мубтало ва тайи як рӯзи ахир 17 ҳолати нав ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG