Ссылки доступа

Дар Туркманистон "буҷавиҳо"-ро иҷборан аз санҷиши коронавирус мегузаронанд


Вазорати умури хориҷии Туркманистон дар робита ба чораҳое, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус андешида мешаванд, нишастеро бо иштироки намояндагони маъмуриятҳои дипломатӣ, созмонҳои хориҷӣ ва мақомҳои расмии ин кишвару рӯзноманигорон баргузор кард.

Мақомоти Туркманистон, ки мегӯянд то ҳол дар ин кишвар ҳеч касе ба коронавирус мубтало нашудааст, тадбирҳо барои гузаронидани кормандони буҷавиро аз санҷиши тиббӣ тақвият мебахшанд.

Тавре хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар шаҳри Ишқобод иттилоъ дод, имрӯзҳо дар пушти дари бемористонҳои пойтахти Туркманистон навбатпоии тӯлонии кормандони буҷавӣ барои гузаштан аз санҷиш мушоҳида мешавад.

"Раҳбарони муассисаву корхонаҳо ҳамаи кормандонро маҷбур доранд, ки аз ҳисоби худ аз ташхис гузаранд. Таҳдид мекунанд, ки агар касе нагузарад, ҷои корашро аз даст хоҳад дод", - афзуд хабарнигор.

Гузаштан аз ташхиси тиббӣ барои мардон 100 манат ($28,5) ва барои бонувон 140 ($40) харҷ дорад. "Ташхиси бонувон барои он гаронтар аст, ки онҳо аз санҷиши бемориҳои занона низ бояд гузаранд", - илова кард хабарнигор.

XS
SM
MD
LG