Ссылки доступа

Тазоҳуроти модарони Нурсултон бо "лабҳои баста" дар назди вазорати меҳнат


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 8 июн ҳудуди 20 модар дар назди бинои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар ҳамоиши эътирозӣ бо "лабҳаи баста" баргузор карданд.

Занон ниқобҳои тиббие доштанд, ки болои онҳо бо ранги сурх ҳарфи "Х" навишта шуда буд ва лавҳаҳое бо талаби пардохти 21 ҳазор танга (ҳудуди 50 доллар) барои кудакон ва таъмини хонаводаҳо бо манзили зист дар даст доштанд.

Ҷамъшудаҳо ҳамчунин лавҳаҳоеро бо навиштаҳои "Манзили иҷора пешниҳод кунанд!", "Қарзи ниёзмандон бахшида шавад!", "Гуруснанишинӣ эълом мекунем!" ва "Мо зидди воксинаи иҷборием!" доштанд.

Занон талаб карданд, ки намояндагони вазорат бо онҳо вохӯранд. Муовини шаҳрдори Нурсултон Даурен Бабамуратов ба назди эътирозгарон баромада, аз онҳо хост ба Маркази дастгирии хонаводаҳо -- "Жануя", ки тобеи шаҳрдорӣ аст, муроҷиат кунанд. Вале эътирозгарон ба сухани ӯ гуш надоданд.

Аз аввали соли равон дар чандин шаҳри Қазоқистон модарони серфарзанд даст ба эътироз зада, баргашт ба низоми пешини пардохти кумаки иҷтимоиро талаб мекунанд. Бар асоси ин низом, хонаводаҳои ниёзманд барои ҳар як фарзанди худ 21 ҳазор танга кумакпулӣ мегирифтанд.

XS
SM
MD
LG