Ссылки доступа

Вазирони умури хориҷии Қирғизистону Қазоқистон вазъ дар марзро баррасӣ карданд


Вазири умури хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков бо ҳамтои қазоқи худ Мухтор Тлеубердӣ 8 июн дар як суҳбати телефонӣ вазъ дар марзи ду кишвар, аз ҷумла гузаштани мошинҳои боркашро баррасӣ кард.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, "ҷонибҳо бо таъкид ба аҳамияти фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорони Қирғизистону Қазоқистон ба созиш расидаанд, ки бояд монеаҳо дар гузаргоҳҳои марзии ду кишвар бардошта шаванд. Ҳамчунин Бишкек Нурсултонро ба риояи меъёрҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруоисё даъват кардааст".

Раҳбарони вазоратхонаҳои умури хориҷии Қирғизистону Қазоқистон дар фарҷоми суҳбат ба созиш расидаанд, ки мушкилиҳои пешомадаро тавассути ниҳодҳои дахлдори ду ҷониб фавран ҳал намоянд.

Муовини сарвазири Қирғизистон Эркин Асрандиев 4 июн гуфт, вазъ дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон хилофи созиши кишварҳои ҳампаймон аст. "Дар марз бо Қазоқистон дербоз мушкилот мавҷуд аст. Вазъ аз соли гузашта ба ин сӯ мушкилтар шудааст. Тайи ҳафтаҳои ахир буҳронӣ гаштааст. Феълан 300-400 мошин дар навбатанд", - изҳор дошт ӯ.

XS
SM
MD
LG